Хизматрасонии «Бастаи боэътимод» - имконият медиҳад, ки муштарӣ соҳиби бастаҳои ДАҚИҚА/SMS дар ҳама самтҳои ҶТ ва инчунин трафики MB гардад.
Шарҳи ҳизматрасонӣ:
Агар зарурияти фавран занг задан, ирсоли SMS ва истифода аз интернет ба миён ояд, аммо дар тавозунатон маблағ кифоя набошад, Шумо метавонед хизматрасонии «Бастаи боэътимод»-ро
пайваст намоед. Хизматрасонии мазкур дар ҳолати ба сифр наздик будани тавозун имконият медиҳад, ки аз захираҳои дақиқа, смс ва МБ истифода баред.
Шартҳои хизматрасонӣ:
«Бастаи Боэътимод» ба ҳамаи муштариёни зерини Babilon-Mobile дастрасанд:
- Агар ба шабакаи Оператор на камтар аз 90 рӯз пеш пайваст шуда бошандфа;
- Дорои қарзи лимитии тавозуни бештар аз 0,01 сомонӣ бошанд;
- Дорои тавозуни мусбӣ ҳангоми истифодаи хизматрасонӣ бошанд;
- Ҷамъи қарзҳо аз меъёри қарз зиёд набошад;
- Муштарӣ бояд PrePaid бошад;
- Муштарӣ бояд дар ҳолати фаъол бошад;
- Муштарӣ бояд дар 90 рӯзи охир на камтар аз 80 сомонӣ тавозуни худро пур карда бошад.
Фармоишҳо барои идоранамоии хизматрасонӣ ба воситаи USSD:
- *0770#:- фаъолсозии хизматрасонии Бастаи боэътимод
- *0770*0#- ба даст овардани маълумот оид ба қарзи мавҷуда дар хизматрасонӣ
- *0770*1# - ивазнамоии забони хизматрасонӣ
Дар натиҷаи ирсоли дархост (ба воситаи USSD-фармоиш) меъёри дастрасӣ ба баста ба таври худкор ворид мешавад, ё пешниҳоди хизматрасонӣ рад карда мешавад. Дар ҳарду ҳолат SМS – огоҳиномаи фаврӣ дар бораи натиҷаи коркарди дархост, меъёри дастрасии бастаҳо, рӯзи гирифтани контенти «Ҳафтранг» ва шартҳои пешниҳоди он ирсол мешавад.
Фармоишҳо барои санҷиши манбаъҳои пешниҳодшуда ба воситаи USSD:
- *122*1# - бақияи дақиқаҳо
- *122*2# - бақияи СМС/ММС
- *122*3# - бақияи трафики GPRS
Ивазнамоии забони хизматрасонӣ
Забони пешфарзи хизматрасонӣ – тоҷикӣ аст.
Ҳангоми бори нахуст истифода бурдани хизматрасонӣ, ҳамаи огоҳиномаҳо бо забони тоҷикӣ фиристода мешаванд. Бо хиҳиши худ, бо гирифтани USSD-фармоиши *575*1# забонро иваз намудан мумкин аст. Забони интихобшуда, дар система қайд мешавад ва ҳамаи огоҳиномаҳои минбаъда бо забони интихобшуда фиристода мешавад.
Хизматрасонии “Бастаи эътимоднок” дар якҷоягӣ бо контент- хизматрасонии “Ҳафтранг” пешниҳод мешавад.
Талаботи ҳатмӣ барои истифодабарии “Бастаи эътимоднок” - и “Ҳафтранг”:
- Сим-корти Муштарӣ ба шабакаи Оператор на камтар аз 90 рӯз пеш пайваст шуда бошанд;
- Тавозуни муштарӣ ҳангоми дархости фаъолшавӣ на камтар аз 0,01 сомонӣ бошад.
- Муштарӣ набояд қарзи пардохтнашуда вобаста ба «Пардохти эътимоднок» -и қаблан пешниҳодшуда ва инчунин оид ба хизматрасониии “Ҳафтранг” ва / ё «Бастаи эътимоднок» дошта бошад.
Дар доираи хизматрасонии «Бастаи этимоднок» 2 навъи бастаҳо дастрасанд. Ҳаҷми бастаи додашаванда аз меъёри ташкилкунандаи яке аз навъҳо вобаста аст.
Ҳамаи навъҳои дастрас, ҳаҷми бастаҳо дар хизматрасонии «Бастаи эътимоднок» ва андозаи онҳо, арзиши хизматрасонӣ ва инчунин меъёрҳо дар ҷадвали зер нишон дода шудаанд:
Дақиқаҳо ба ҳама самтҳои ҶТ | 50 | 100 |
---|---|---|
SMS ба ҳама самтҳои ҶТ | 50 | 100 |
Ҳаҷми МБ | 100 | 200 |
Арзиши баста дар хизматрасонии "Бастаи эътимоднок" | 9,6 | 18 |
Пардохт барои истифодаи хизматрасонӣ (ки ба арзиши баста ҳамроҳ карда шудааст), TJS | 1,6 | 3 |
Мӯҳлати амали баста | 30 рӯз | 30 рӯз |
Санаи ба қайдгирӣ | > 90 рӯз | > 90 рӯз |
Арзиши пурнамоии тавозун Дар давра | Бештар аз 80 сомонӣ дар 90 рӯзи охир | Бештар аз 150 сомонӣ дар 90 рӯзи охир |
Меъёри қарзии муштарӣ | 0 сомонӣ | 0 сомонӣ |
Тавозун ҳангоми дархост | ≥ 0,01 сомонӣ | ≥ 0,01 сомонӣ |
Қарз дар хизматрасонии "Пардохти боэътимод" | вуҷуд надорад | вуҷуд надорад |
Қарз оид ба ин ё он бастаи "Бастаи боэътимод" | вуҷуд надорад | вуҷуд надорад |
“Хафтранг” - ин контент хизматрасонии фаъолест, ки имконият медиҳад мавзӯъҳои гуногуни контентӣ, бо шумораҳои номаҳдуд дар давраи амали хизматрасонӣ ба даст оварда шавад.
Хизматрасонии “Хафтранг” дар давраи муайяни амал, дар якҷоягӣ бо хизматрасонии «Бастаи боэътимод»-и ҳаҷми муайян дар вобастагӣ бо маҳаки Муштарӣ фаъол мешавад:
- Ҳангоми фаъолсозии “Бастаи боэътимод” 1 - “Хафтранг” ба муҳлати 7 рӯз фаъол мешавад
- Ҳангоми фаъолсозии “Бастаи боэътимод” 2 - “Хафтранг” ба муҳлати 12 рӯз фаъол мешавад
Муҳлат ва шартҳои иҷроиши ӯҳдадориҳо оид ба хизматрасонӣ:
Пардохтиҳаҷми манбаъҳои пешниҳодшудаи хизматрасониҳои ба Муштарӣ дар натиҷаи фаъолгардонии хизматрасонии «Бастаи эътимоднок» ва пардохти ҳаққи хидматрасонӣ, ҳангоми минбаъд
пур намудани тавозуни муштарӣ ба таври худкор сурат мегирад. Агар муштарӣ тавозуни худро камтар аз қарзаш пур намояд (яъне камтар аз хизматҳои расонидашудаи алоқа + арзиши
хизматрасонӣ), аз тавозун маблағи барои муштарӣ дастрас ситонида мешавад ва маблағи боқимонда аз ҳисоби пур намудани тавозуни оянда, пурра ё қисман ситонида мешавад
(вобаста ба ҳаҷми пур кардани тавозун).
Дар сурати қисман пардохтани қарз, дар навбати аввал аз ҳисоби муштарӣ ҳақи хизматҳои расонидашудаи алоқа, маротибаи дуввум барои хизматрасонӣ ситонида мешавад.
Мисол:
Муштарӣ «Бастаи боэътимод» 1 –ро гирифт, баъд аз истифодаи баста, тавозунро бо маблағи 5 TJS пур намуд. Аз тавозуни ӯ 4,99 TJS барои хизматрасонии пешниҳодшудаи
«Бастаи боэътимод» ситонида мешавад ва дар тавозуни муштарӣ 0,01 TJS боқӣ мемонад.
Муҳлати пардохти қарз дар хизматрасонӣ номаҳдуд аст, яъне ба муштарӣ вақти муайян муқаррар карда намешавад, ки ӯ бояд ҳатман суратҳисобро барои пардохти қарз пур намояд.
Идоракунии хизматрасонии “Ҳафтранг”
Фаъолсозии хизматрсонии “Ҳафтранг” дар якҷоягӣ бо хизматрасонии «Бастаи эътимоднок» бо роҳҳои зерин сурат мегирад:
- USSD-дархост ба рақами *575#
Қатънамоии хизматрасонии “Хафтранг” бо гузашти муҳлати он ба таври худкор сурат.
Барои он ки дар доираи хизматрасонии “Хафтранг” контент гирифта шавад, зарур аст USSD-фармоиши *575*3# гирифта шуда, контертҳои дилхоҳихудро дар USSD-фехрест интихоб намоед.
- Латифаҳо
- Асрорҳои занона
- Аломатҳо
- Рекордҳои Гиннесс
- Идеияҳои вохӯрӣ
- Афоризмҳо
СМС бо контент баъди ворид намудани USSD-фармоиш фиристода мешавад.
Истифодаи USSD-феҳестро (*575*3#) дар давоми муҳлати амал якчанд маротиба пайваст намудан мумкин аст.
Арзиши хизматрасонии “Бастаи эътимоднок” и “Ҳафтранг” ва роҳҳои пардохт
Хизматрасонии “Бастаи эътимоднок” бо арзиши 0 TJS пешниҳод карда мешавад.
Арзиши хизматрасонии “Ҳафтранг” ташкил медиҳад:
- 1.60 TJS - ҳангоми фаъолсозии “Хафтранг” ба муҳлати 7 рӯз
- 3 TJS - ҳангоми фаъолсозии “Хафтранг” ба муҳлати 12 рӯз
Манбаъҳои пешниҳоднамудаи “Бастаи боэътимод” ва арзиши хизматрасонии “Хафтранг” аз суратҳисоби муштарӣ ба таври худгор ҳангоми аз нав пур намудани тавозун, баъд аз фаъолшавии хизматрасонӣ ситонида мешавад.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат