Бозии «Ҳисоб кунед ва бурд намоед» аз КП «Осиё Сервис»

Мехоҳед ҳар рӯз мукофотҳои пулӣ бурд кунед?

Хизматрасонӣ барқарор шуд.

Бо ҳалли масъалаҳои риёзӣ дониши худро нишон диҳед, барои ҷавобҳои дурусти худ холҳо ба даст оред ва ҳар рӯз барандаи мукофотҳои пулӣ шавед!

БОЗИИ «Ҳисоб кунед ва бурд намоед» аз КП «Осиё Сервис» ба Шумо имкон медиҳад, ки масъалаҳои математикиро ҳал кунед ва ҳар рӯз мукофотҳои пулӣ ба даст оред. Иштирокчиёне, ки шумораи бештари холҳоро ба даст меоранд, соҳиби маблағ мешаванд.

Фонди мукофоти ҳаррӯзаи викторина 200 сомониро ташкил медиҳад, ки он дар байни 15 ғолиб ба таври зерин тақсим карда мешавад:

Давраи гузаронидани як бозӣ як рӯз (24 соат)-ро ташкил медиҳад.

Бозӣ бо 2 забон: тоҷикӣ ва русӣ пешкаш мешавад.

Барои тағйир додани забон:

  • ба забони русӣ - SMS бо S1 ба рақами 8118 ирсол карда мешавад
  • ба забони тоҷикӣ - S2 ба рақами 8118 ирсол карда мешавад

Хизматрасонӣ чи тавр кор мекунад?

  • Тавассути SMS: Барои иштирокчии бозӣ шудан, бояд калимаи START ба рақами кӯтоҳи 8118 ирсол карда шавад. Дар идома паёмак меояд, ки шартҳо ва арзиши хизматрасониро нишон медиҳад. Барои тасдиқи обуна зарур аст, ки рақами 1 пахш карда шавад. Барои аз викторина хориҷ шудан, бояд калимаи Stop ба рақами кӯтоҳи 8118 ирсол шавад.
  • Тавассути USSD:
    • *8118# - Пайвастнамоии хизматрасонӣ.
    • *8118*0# - Қатъи хизматрасонӣ

Пас аз расмиятдарории обуна, барои иштирок дар Марҳилаи дахлдори бозӣ 0,90 TJS аз бақияи суратҳисоби шахсии ӯ дар Шабакаи алоқаи Оператор ситонида мешавад. Барои обунаи пардохтшуда ба маблағи 0,90 TJS дар як рӯз 10 мисол пешниҳод мешавад.

Барои ҳалли дурусти ҳар як мисол, иштирокчии бозӣ 10 хол ба даст меорад. Ҳалли нодурусти мисол ба ҳеҷ ваҷҳ ба шумораи холҳои қаблан гирифташуда таъсир намерасонад. Вақте ки ба ҳадди 10 мисол расид, ба иштирокчӣ пешниҳод карда мешавад, ки бастаи иловагии 5 мисолро бо 0,40TJS харидорӣ кунад. Ҳангоми яхела будани шумораи холҳо, муштарие ғолиб дониста мешавад, ки холҳои худро зудтар ҷамъ кардааст. Дар охири ҳар як рӯзи бозӣ дар асоси дурустии ҳалли мисолҳои математикии ҳар як иштирокчӣ ва вақти барои ҷавоб сарфкардаи Иштирокчӣ рейтинги Иштирокчиён тартиб дода мешавад. Дар охири ҳар як рӯзи бозӣ маълумоти рейтингиро барои ҳар як Иштирокчӣ ҷамъбаст намуда, рейтинги ниҳоӣ тартиб дода мешавад, ки дар асоси он 15 Ғолиби рӯзи бозӣ муайян карда мешаванд.

Бо мақсади таҳияи рейтинги ҳаррӯза, Иштирокчиёне, ки ба Мисолҳои Рӯзи Бозӣ ҷавоб намедиҳанд, ҷавоби нодуруст додашуда ҳисобида мешаванд.

Ҳангоми муайян кардани вақти аз ҷониби Иштирокчӣ ба ҷавобҳо сарфшуда давраи вақт аз лаҳзаи ҷавоби аввалини Иштирокчӣ ба саволи гирифтааш то лаҳзаи ҷавоб додан ба саволи охирини бозӣ дар рӯзи муайян ба назар гирифта мешавад. Ҳисоби вақт бо дақиқии як миллионии сония сабт карда мешавад. Ҳангоми таҳияи рейтинги ниҳоии рӯзи бозӣ аввал дурустии ҷавобҳо ба мисолҳои математикӣ ва дуюм суръати ҷавобҳо ба назар гирифта мешавад. Ин маънои онро дорад, ки Иштирокчие, ки дар нимаи аввали рӯз ба саволи бозӣ дуруст ҷавоб додааст, дар раддабандӣ назар ба Иштирокчие, ки ба саволи бозӣ дуруст ҷавоб додааст, вале дар нимаи дуюми рӯз ин корро кардааст, ҷои баландтар мегирад. Пеш аз оғози ҳар як рӯзи нави бозӣ, натиҷаҳои қаблии ҳамаи Иштирокчиён ба сифр баробар карда мешаванд.

Пас аз гузашти ҳар як шабонарӯз (0:00:01) натиҷаҳои иштирокчиён бекор карда мешаванд ва ғолибон дар бораи бурди худ огоҳинома мегиранд. Мукофотҳо тавассути интиқоли маблағ ба тавозуни рақами мобилии ғолиб дар давоми 12 соат пас аз анҷоми бозии қаблии викторина дода мешаванд.

Бо қоидаҳои бозӣ дар сомонаи: 8118.world шинос шудан мумкин аст.

Хадамоти дастгирии КП «Осиё Сервис»: 2418118.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат
Ҷойҳо Фонди мукофотӣ
1 75 TJS
2 50 TJS
3 25 TJS
4-10 5 TJS каждому
11-15 3 TJS каждому