Пур кардани суратҳисоб

Усулҳои пур намудани суратҳисобҳои муштариёни «Вавилон-Мобайл»:

  • Ба таври нақдӣ дар Шӯъбаи муштариён ва Намояндагиҳои ширкат
  • Бо ёрии Prepaid-кортҳо

Ба воситаи USSD:
Аз телефонии худ #2002#PIN -рамзи корт # -ро ворид намуда, тугмачаи даъватро пахш намояед.

Ба воситаи SMS:
SMS бо PIN-рамзи корт ба рақами 2002.

Ба воситаи АССА (низоми худкори хизматрасонии муштариён):
Аз телефони худ 2002, дар идома PIN-код ва *-ро ворид намоед.

Ба воситаи Интернет:

  • Ба сомонаи http://ecare.babilon-m.tj ворид шуда, тибқи дастурамал амал намоед.
  • Ба воситаи терминалҳои пардохтӣ дар ҳудуди ҶТ *
  • Бо кӯмаки SMS-маблағ;
  • Ба воситаи кортҳои плостикиии VISA ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон»**

* Имконияти пур намудани суратҳисоби муштариёни «Вавилон-Мобайл» ба воситаи терминалҳо дар ФР низ имконпазир аст. Рӯйхати терминалҳои бонкро метавонед дар инҷо ба даст оред.?

**Барои пур намудани корти кредитӣ зарур аст: A. Обуна шудан ба хизматрасонӣ:

  • Ба Call Center ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон» ба рақами (44) 620-40-40;
  • Баъд аз гирифтани ҷавоби маълумотдиҳандаи худкор зарур аст, ки Рақами Идентификатсионӣ (ID рақам) ва 4 рақами аввали рамзеро, ки ҳангоми ба қайдгирӣ дар портали www.Homebank.kz дода шудааст, ворид намуда, ҷавоби амалгарро интизор шавед;
  • Баъд аз ҷавоби амалгар зарур аст, ки ID рақами худ, калимаи рамзӣ, 4 рақами охири корт ва рақами телефони мобилии «Вавилон-Мобайл»-ро, ки минбаъд ба он маблағ мегузаронед, номбар намуда, посухи амалгарро интизор мешавед , ки рақам ворид карда шуд.

B. Пур намудани суратҳиоби муштарии «Вавилон-Мобайл»:

  • Ба портали молиявии Homebank (www.homebank.kz) ворид шуда ID рақам ва рамзро ворид намоед.
  • Ба бахши «Услуги» ворид шуда, «Оплата услуг «Вавилон-М» -ро интихоб намоед.
  • Аз рӯйхат рақами телефонеро, ки Шумо мехоҳед ба он маблағ ворид намоед, интихоб карда, маблағи интиқолшавандаро ворид намоед ва тугмачаи «Далее»-ро пахш созед.
  • Боварӣ ҳосил намоед, ки маълумоти воридкардашуда дуруст аст ва тугмачаи «Оплатить» - ро пахш кунед.
  • Аз суратҳисоби Шумо маблағи интиқолшаванда + ҳаққи хизматрасонӣ ситонида мешавад.
  • Баъд аз чанде ба телефонии Шумо SMS-огоҳинома дар бораи қабули маблағ ирсол карда мешавад.

Шумо метавонед бо таърихи пардохтҳо дар бахши «Услуги» => «Архив платежей» шинос шуда, бо пахши рақами пардохт, тафсилоти онро назорат кунед (Сана, Қабулкунанда, Рамзи транзаксия, рақами муштарӣ).

Эзоҳ:

  1. Ҳадди ақали маблағи пардохтшаванда – 5 сомонӣ.
  2. Ҳангоми гузаронидани 160 сомонӣ ва камтар аз он, комиссия 2,38 сомониро ташкил медиҳад (0,50 в.ш. бо қурби бонк дар рӯзи интиқол).
  3. Ҳангоми аз 160 сомонӣ зиёд гузаронидани маблағ ҳақи хизматрасонӣ 1,5% аз маблағи умумӣ ситонида мешавад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат