Одноклассники (SMS-огоҳӣ)

Муштариёни муҳтарам!
Бо дархости зиёди Шумо ширкати "Вавилон-Мобайл" хизматрасонии навро ба истифода медиҳад. Хизматрасонии нав ба истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии умумиҷаҳонии "Мой Мир" ва почтаи ройгони электронии Mail.ru имконият медиҳад, ки бо дӯстони худ ҳамеша дар алоқа бошанд.
Хизматрасонии нав ба муштариёни дорандаи "Mail.ru"ва "Мой Мир" имконият медиҳад, ки дар телефони худ дар бораи қабули хабарҳо аз дигар истифодабарандагон огоҳинома гиранд ва инчунин бо кӯмаки SMS ба он хабар фиристанд.

ФАЪОЛНАМОИИ SMS-ОГОҲИНОМА БО СУРОҒАИ: Табодули SMS-имконият медиҳад, ки дар бораи ҳар як мактуби нав, ки ба почтаи Шумо ворид мешавад ва инчунин дар бораи навиштаҳои нав ва хабарҳои шахсӣ дар МОЙ МИР огоҳинома гиред ва ба онҳо ба воситаи SMS посӯх гуед.
- SMS-огоҳинома ба телефон Шумо аз рақамҳои кӯтоҳи 7760, 7761 ворид мешавад.
- Бо пахши тугмачаи "Ответить на сообщение" дар телефонии Шумо ба огоҳинома посӯх гуфта метавонед.
- Арзиши хизматрасонии SMS-огоҳинома аз Mail.ru ва Мой Мир - 0 сомонӣ.
- Арзиши SMS- хабари баромад ба рақамҳои 7760, 7761 баробар аст ба 0,11 сомонӣ (бо назардошти аксиз ва ААИ).

- Фосилаи воридоти SMS 30 дақиқа ё 1 соат

- Муштарӣ метавонад SMS-и ҷавоби ба огоҳиномаи аз "Мой Мир" воридшуда ирсол намояд.

Маълумоти муфассалтарро Шумо метавонед аз сомони мо: www.babilon-m.tj дастрас намоед ва ё бо занг задан ба рақами 2006 дар ин бора маълумот гиред.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат