Facebook(http://0.facebook.com)

Ширкати «Вавилон-Мобайл» ба муштариёни худ имконият медиҳад, ки аз навъи сабукшуда дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» (http://0.vk.com) дар тамос бошанд. Барои он ки аз «Facebook» истифода баред, ба сомонаи зерин ворид шавед: http://0.facebook.com Навъи матнӣ дар шабакаи иҷтимоии «Facebook».

  • Навъи матнӣ дар худ танҳо маълумоти матниро дар бар гирифта, дастрасиро ба хизматрасониҳои бисёрмуҳита (акс, видео ва аудио) иҷозат намедиҳад.
  • Ҳангоми тамошои навъи пурраи «Facebook» ва инчунин файлҳои бисёрмуҳита пардохт барои трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо гирифта мешавад.
  • Ҳангоми истифода аз Opera Mini пардохти трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад.
  • Ҳангоми гузаштан ба бахши тасвирӣ, видеоӣ ва аудиоӣ маълумоти зерин пайдо мешавад: «Саҳифае, ки Шумо ба он ворид мешавед, метавонад дорои мундариҷае бошад, ки ҳамчун истифодаи интернети мобилӣ нархгузорӣ карда мешавад!»
  • Навъи матнии хизматрасонӣ дар роуминг дастнорас аст.
  • Смартфонҳо дар ҳолати маназаравӣ метавонад пайвастнамоии иловагиро насб намоянд, ки тарофаи мазкур мутобиқи тарафики Шумо нархгузорӣ карда мешавад.
  • Навъи матнӣ танҳо барои браузери муқаррарии телефони мобилӣ ё смартфон дастрас аст.

Имкониятҳои Шумо:

  • Тамошо ва илова намудани хабарҳо
  • Мутолиа ва шарҳи хабарҳои нашршуда
  • Ҷустуҷӯ ва тамошои гурӯҳ
  • Ҷустуҷӯ ва илова намудани дӯстон
  • Идора намудани профили худ

Озодона муошират намо!


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат