ВКонтакте(http://0.vk.com)

Шакли матнии шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте»

Ширкати «Вавилон-Мобайл» ба муштариёни худ имконият медиҳад, ки аз навъи сабукшуда дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» (http://0.vk.com) ба арзиши 0 сомонӣ дар тамос бошанд. Барои он ки аз навъи дар «ВКонтакте» истифода баред, ба сомонаи зерин ворид шавед: http://0.vk.com Навъи матнӣ дар шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте».

  • Навъи матнӣ дар худ танҳо маълумоти матниро дар бар гирифта, дастрасиро ба хизматрасониҳои бисёрмуҳита (акс, видео ва аудио) иҷозат намедиҳад.
  • Ҳангоми тамошои навъи пурраи «ВКонтакте» ва инчунин файлҳои бисёрмуҳита пардохт барои трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо гирифта мешавад.
  • Навъи матнии хизматрасонӣ барои браузери Opera Mini дастнорас аст.
  • Ҳангоми истифода аз Opera Mini пардохти трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад.
  • Ҳангоми гузаштан ба бахши тасвирӣ, видеоӣ ва аудиоӣ маълумоти зерин пайдо мешавад: «Саҳифае, ки Шумо ба он ворид мешавед, метавонад дорои мундариҷае бошад, ки ҳамчун истифодаи интернети мобилӣ нархгузорӣ карда мешавад!»
  • Навъи матнии хизматрасонӣ дар роуминг дастнорас аст.
  • Смартфонҳо дар ҳолати маназаравӣ метавонад пайвастнамоии иловагиро насб намоянд, ки тарофаи мазкур мутобиқи тарафики Шумо нархгузорӣ карда мешавад.
  • Навъи матнӣ танҳо барои браузери муқаррарии телефони мобилӣ ё смартфон дастрас аст.

Имкониятҳои Шумо:

  • Тамошо ва илова намудани хабарҳо
  • Мутолиа ва шарҳи хабарҳои нашршуда
  • Ҷустуҷӯ ва тамошои гурӯҳ
  • Ҷустуҷу ва илова намудани Дӯстон
  • Идора намудани профили худ

Пахши SMS-огоҳинома дар «ВКонтакте»!

SMS-огоҳиномаи «ВКонтакте» имконият медиҳад, ки хабарҳои нав хонда шаванд ва ба воситаи SMS-хабар ҳодисаҳо шарҳ дода шаванд. ҳатто агар муштарӣ дар оффлайн қарор дошта бошад ҳам ба SMS-огоҳинома намемонад. SMS-огоҳиномаи «Вконтакте» ба телефони муштарӣ ба воситаи рақамҳои кӯтоҳи 5605 ва 5606 ворид мешаванд. Арзиши хабарҳои даромад аз 5605 ва 5606 - 0 сомонӣ.

Арзиши интиқоли SMS-хабар ба муштариён ба воситаи 5605 ва 5606 мутобиқи нақшаи тарофавии муштарӣ ба арзиши SMS-хабари муқаррарӣ дар дохили шабакаи «Вавилон-Мобайл» баробар аст.

Пайваст намудан ва насби SMS-огоҳинома дар «ВКонтакте»:
Барои пайваст намудани хизматрасонии SMS-огоҳинома шуморо зарур аст: ба web-сомонаи шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте (http://vk.com) бо номи худ ва рамз ворид шавед >> Мои настройки Оповещения >> Оповещения через SMS >> Указать номер мобильного телефона >> Ввести в окне код, полученный на телефон >> Произвести детальную настройку SMS-уведомлений по своему усмотрению >> Сохранить.

Пайваст намудани рақам ба Профили Шумо амалӣ гардид:

Минбаъд ҳангоми ворид шудани истифодабаранда ба саҳифаи «ВКонтакте», дар зери сурати истифодабаранда сомонаи «Настройка SMS-оповещений» пайдо мешавад. Насби қабули огоҳиномаро аз ҳамаи истифодабардагон (дӯстон) ба навиштаҷоти «Оповещения» дар саҳифаи «Мои настройки» гузаронидан мумкин аст.

Қатъ намудани хизматрасонии SMS-огоҳинома:

Барои қатъ намудани хизматрасонии SMS-нотификатсия Шуморо зарур аст, ки ба web-сомонаи шабакаи иҷтимоии сайт «ВКонтакте» http://vkontakte.ru (http://vk.com) бо номи худ ва рамз ворид шавед. Дар идома >> Мои настройки >> Оповещения >> Оповещения через SMS >> Снять/убрать отметку в пункте «Получать SMS-оповещения» >> Сохранить Отключить SMS-уведомления

Барои қатъи SMS-огоҳинома дар бораи шарҳҳо ва хабарҳо аз саҳифаи шахсӣ ба «ВКонтакте», матни «stop» ба рақами кӯтоҳи 5605 ё 5606 ирсол намоед.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат