Викторинаи «Ҳарфҳои омехта» ба муштариён имкон медиҳад, ки дар бозӣ ширкат варзанд, аз ҳарфҳои омехта калима созанд, холҳо ба даст оранд ва ҷоизаҳоро бурд намоянд.
Дар ҳар як марҳила, иштирокчиёни викторина ҳар рӯз тавассути рақами кӯтоҳи 0930 5 савол мегиранд. Вазифаи иштирокчиён аз он ибрат аст, ки аз ҳарфҳои омехта калимаҳоро дақиқ ва ҳарчи зудтар созанд.
- * Ҳар як саволи дуруст ҷавоб додашуда бо холҳои +1 воҳид ва нуқтаи +1 воҳид мукофотонида мешавад.
- * Холҳо бояд ҷамъ карда шаванд ва муштарӣ метавонад дар дилхоҳ вақтХолҳоро ба Мегабайтҳо табдил диҳад, ки 1 Хол ба 1 МБ баробар аст.
Викторина ба Даврҳо тақсим карда шудааст, ки давомнокии ҳар яки онҳо 3 (се моҳ) мебошад.
Фонди ҷоизавии ҳар як Давр интернет-трафик мебошад.
- Ҷои 1-уми ҷоизавӣ: 60 000 мегабайти интернет-трафик;
- Ҷои 2-юми ҷоизавӣ: 30 000 мегабайти интернет-трафик;
- Ҷои 1-уми ҷоизавӣ: 10 000 мегабайти интернет-трафик;
Ҳар як ғолиби Викторина, ки зиёдтарин миқдори Ҳисобро ба даст овардааст, тӯҳфаҳо интизор аст.
Муҳлати эътибои бастаи интернет 3 моҳ аст.
Ҷоизаи солона
Ғолиби Викторина дар номинатсияи “Ҷоизаи асосии солона” (1 000 000 Мбайт) Муштарие хоҳад буд, ки аз рӯи натиҷаҳои ҳамаи Даврҳои Викторина баландтарин Ҳисобро (миқдори калимаҳои сохташуда аз ҳарфҳои омехта) ба даст овардааст. Муҳлати эътибори бастаи интернет 12 моҳ аст.
Пайвастнамоӣ хизматрасонӣ
Барои дастрасӣ ба хизматрасонӣ, муштарӣ бояд бо рақами *0930# обуна шуда, розигии худро ба тарофабандии ҳаррӯзаи сервис тасдиқ кунад ва сипас дар СМС- викторинаи иштирок кунад.
Барои қатънамоӣ муштарӣ бояд: USSD дархост ирсол намояд:*0930*00#.
Арзиш: Хизматрасонӣ дар асоси обуна ба таври ҳаррӯза пешниҳод карда мешавад. Нархи хизматрсонӣ: 1 сомонӣ дар як рӯз аст. Нархи ҳар як бастаи иловагии- 5 SMS бо ҳарфҳои омехта 1 сомониро ташкил медиҳад, Инчунин иштирокчӣ метавонад бастаи роҳнамоии ҳарфҳоро (кушодани баъзе ҳарфҳо), ки ҳар яктоаш аз 10 роҳнамоӣ иборат аст бо 1 сомонӣ харидорӣ намояд.
МУҲИМ:
Бо ирсол намудани дархост ба рақами *0930#, барои фаъол намудани обуна ба «Ҳарфҳои омехта», муштарӣ бо шарт ва тартиби иштирок дар озмун, ки дар сомонаи Оператор оварда шудааст, инчунин Регламент оид ба расонидани хизматрасониҳо, ки бо истиноди: регламент дастрас аст, розӣ мегардад.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат