Ирсол ва қабули маълумот

Чӣ доштан зарур аст?

  1. Компютер (ноутбук ё стасионарӣ дорои порти инфрасурхи дохила ё беруна).
  2. Кабели махсус барои пайваст намудани телефони мобилӣ ба компютер.
  3. Телефони мобилӣ (телефон бояд имкони равона кардани маълумот - модеми дохиларо дошта бошад).

Хизматрасонии қабул/интиқоли маълумотҳо ва факсҳоро муштари дар шуъбаи муштариён ё ин ки мустакилона пайваст мекунад: 2004, баъдан 2 - 1-ро мегирад.

Барои қабул/равона кардани маълумотҳо ва факсҳо чи лозим аст?

Телефонро ба компютер бо ёрии кабели махсус тавассути порти инфрасурх ё Bluetooth пайваст кардан лозим аст. Сохтани модеми нав дар муҳити барномаи Windows, ба харакат даровардани Мастери пайвасткунӣ ба Интернет, пайвасткунии навро ба воситаи ин модем иҷро намуда, рақами нави Интернет-провайдератонро ишора намуда, номи истифодабаранда ва паролро гирифта, баъд аз он «кликнуть» - ро дар ишораи нав пахш мекунед. Дар ин маврид компютер ба телефон формони васлшавиро маҳз бо шабакаи интиқоли маълумотҳо (CSD) медиҳад Коммутатор дархостро қабул намуда, кодеки махсусро пайваст мекунад ва васлшавиро бо рақами интихобшуда муқ аррар мекунад. Дар ин ҳолат, Шумо ягон садоро, чун ҳангоми зангзанӣ намешунавед. Танҳо интизор мешавед, то он даме, ки Windows оиди васлшавӣ хабар надиҳад. Баъд аз ин, Шумо метавонед дар шабакаи Интернети бо ёрии ҳамагуна Интернет-браузерҳо кор кунед, инчунин қабул/интиқоли хатхои электрониро ба воситаи барномаи хатии худ иҷро намоед.

Баъзе навъхои телефонии мобилӣ дорои WAP-браузери дохили ҳастанд (WAP - Wireless Application Protokol - протоколи иловаҳои бесиме, ки қабули рухсатро ба Интернет бевосита аз телефони мобилӣ имкон медиҳад).

WAP-браузер аз назар гузаронидани маълумотро дар шабакаи Интернет, ки дар wap-сайтхои махсус ҷойгир карда шудаанд, имкон медиҳад. Маълумот дар чунин сайтхо каме бо тарзи оддитар (асосан матнӣ), нисбат ба сайтҳои оддии шабакаи Интернет пешниҳод шудаанд. Телефонҳое, ки дорои WAP-браузер ҳастанд, васл кардани компютер зарур нест. Ҳамаи маълумот дар дисплеи телефон нишон дода мешавад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат