SMS-озмуни «Давлатро аз шаҳри он муайян намо» дар рақами кӯтоҳи 5115 аз Контент-Провайдери «Технологияи Рушд».
SMS-озмуни интеллектуалии «Давлатро аз шаҳри он муайян намо» бо тақсимоти ҳаррӯзаи ҷоизаҳои пулӣ аз Контент-Провайдери «Технологияи Рушд».
SMS-озмуни «Давлатро аз шаҳри он муайян намо» имконияти сайқал додани дониши худ ва бурди ҷоизаҳои пулии ҳаррӯзаро фароҳам меорад.
Ба иштирокчиёни SMS-озмун давоми рӯз 10 савол бо варианти ҷавобҳо тариқи SMS-паймакҳо аз рақами кӯтоҳи 5115 дастрас карда мешаванд. Иштирокчиён бояд ба саволҳо дуруст ва то ҳадди имкон тез посух диҳанд. Барои ҳар як ҷавоби дуруст Иштирокчӣ 10 имтиёз ва барои ҷавоби нодуруст 0 имтиёз ба даст меорад. Иштирокчиёне, ки миқдори зиёдтарини имтиёзҳоро ба даст меоранд, соҳиби мукофотҳои пулӣ мегарданд.
Фонди ҳаррӯзаи мукофотии озмун: 170 сомониро ташкил медиҳад, ки он байни 10 ғолибон чунин тақсимот карда мешавад:
1 | 75 сомонӣ |
2 | 30 сомонӣ |
3 | 20 сомонӣ |
4-5 | 10 сомонӣ ба ҳар як ғолиб |
6-10 | 5 сомонӣ ба ҳар як ғолиб |
Давомнокии ҳар як смс-озмун як шабонарӯз (24 соат)-ро ташкил медиҳад. Дар ҳолати баробар будани имтиёзҳои иштирокчиён, ғолиб он иштирокчӣ ҳисоб мешавад, ки тезтар ин миқдори имтиёзҳоро ба даст овардааст.
Бо мақсади зиёд намудани имтиёзҳои худ, иштирокчӣ метавонад боз ба саволҳои иловагӣ посух диҳад, ки нархи онҳо 0,90 сомонӣ барои як савол мебошанд. Миқдори имтиёзҳо барои ҳар як посухи дуруст ба саволҳои иловагӣ 50 имтиёзро ташкил медиҳад.
Хизматрасонӣ чӣ хел кор мекунад:
- Бо воситаи USSD:
- *5115# - Пайвасткунии хизматрасонӣ
- *5115*0# - Қатъ кардани хизматрасонӣ
-
Бо воситаи SMS:
- Барои иштирок дар озмун бояд тариқи SMS ба рақами кӯтоҳи 5115 калимаи start фиристода шавад.
Барои қатъ кардани обуна ба хизматрасонӣ бояд ба рақами кӯтоҳи 5115 калимаи stop фиристода шавад. Пас аз ба СМС-озмун пайваст шудан, ба Иштирокчӣ СМС-паёмак бо якум савол фиристода мешавад:
«Сар кардем. Шахри Москва дар кадом давлат чойгир аст:
1. Россия
2. Украина»
Барои ҳар як посухи дуруст иштирокчии озмун 10 имтиёзро ба даст меорад. Ҷавоби нодуруст ба миқдори имтиёзҳои ба даст оварда таъсир намерасонад. Пас аз гузаронидани ҷамъбасти СМС-озмун ба ғолибон SMS-паёмак бо огоҳнома оиди супоридани мукофоти пулӣ фиристода мешавад.
Барои санҷиши имтиёзҳои ба даст оварда бояд SMS бо калимаи info ба рақами кӯтоҳи 5115 фиристода шавад.
Барои иваз кардани забони хизматрасонӣ ба русӣ бояд калимаи RU тариқи СМС-паёмак ба рақами кӯтоҳи 5115 фиристода шавад ва барои иваз кардани забони озмун ба тоҷикӣ калимаи TJ.
Барои гирифтани саволи иловагӣ бояд ба рақами кӯтоҳи 5115 калимаи "NEXT" фиристода шавад. Арзиши ҳар як саволи иловагӣ 0,90TJS аст.
Иштирокчиёни СМС-озмун ҳангоми ба саволҳо посух додан бояд танҳо ба дониш ва фазилати худ такя намоянд. Озмун бояд боинсофона, бе фиреб ва вайронкунии қоидаҳои Озмун гузаронида шавад. Иштирокчӣ бояд дар Озмун ба таври инфиродӣ иштирок намояд, истифодаи ёрии шахсони сеюм, таъминоти барномавӣ ва дигар барандагони электронии ёрирасон, ки ба шартҳои гузаронидани Озмун мухолифанд, манъ аст.
Хизматрасонӣ бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пешниҳод карда мешавад.
Арзиш: Арзиши обунаи ҳаррӯзаи хизматрасонӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо 0,90 TJS - ро ташкил медиҳад. Арзиши ҳар як саволи иловагӣ бо назардошти ҳамаи андозҳо 0,90TJS аст.Микдори саволхои иловаги номахдуд аст
Количество дополнительных вопросов-неограничено.
Аз 01.01.2023с фонди бурди смс-викторинаи “Давлатро аз номи шаҳр ёбед” ба 105 сомонӣ тағйир мегардад.
Ҷойҳои бурднок | Андозаи бурд,бо сомонӣ |
---|---|
1 | 50 |
2 | 20 |
3 | 10 |
4 | 5 |
5 | 5 |
6 | 3 |
7 | 3 |
8 | 3 |
9 | 3 |
10 | 3 |
МУҲИМ:
Бо ирсол намудани дархост ба рақами *5115#, барои фаъол намудани обуна ба «Давлатро аз шаҳри он муайян намо», муштарӣ бо шарт ва тартиби иштирок дар озмун, ки дар сомонаи Оператор оварда шудааст, инчунин Регламент оид ба расонидани хизматрасониҳо, ки бо истиноди: регламент дастрас аст, рози мегардад.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат